Модари террорист дар Душанбе худро сӯхтан хост

Гулчеҳра Шодмонова, модари гумонбари ташкили ҳамла ба туристони хориҷӣ Ҳусейн Абдусамадов ба нишони эътироз аз ширкати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава дар ба сараш бензин рехта, хост худро оташ занад.

Ин субҳ даҳҳо нафар ҷавоно бо шиорҳои маҳкумкунандаи ҲНИТ ва роҳбари ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, бо навиштаҷоти  “Нест бод терроризм” дар назди дафтари САҲА дар Душанбе таҷаммӯъ карданд Аммо  милисаҳо  барои пароканда кардани ин нафарон, асосан ҷавонон омаданд ва дар як вақт  модари Ҳусейн Абдусамадоваро низ дар қатори онҳо аз куча бурданд. Ӯ, ки САҲА-ро барои дар ҷамъомади худ роҳ додани Муҳиддин Кабирӣ гунаҳгор мекард, гуфтааст, ки ин шахс писарашро ба ҷиноят тела додааст ва набояд дар он ҷо ҳузур дошта бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *