Фотима Ғуломова даргузашт
Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов, ки дар даҳҳо намоиши театрӣ ва филмҳо нақш бозидааст, дар 86-солагӣ даргузашт.
Писараш, Шаҳбоз Абдураззоқов, дар Фейсбук навишт, ӯ рӯзи 1-уми март дар Душабе аз дунё чашм пӯшид. Маросими дафни Фотима Ғуломова рӯзи 2-юми март баргузор хоҳад шуд.
Ғуломова тақрибан 60 сол дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Хонаводаи ӯро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Писараш Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон буд.
Шавҳараш Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарпешаи театру кино, 19-уми январи имсол даргузашт
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ