Касе,ки фиреби Пардахонро хӯрда бошад…

Баъзе аз нафарони ҷиноятпеша муддати зиёди умри хешро пушти панҷараҳои зиндон сипарӣ карда бошанд ҳам, роҳи дурусти зиндагиро интихоб накарда, такроран даст ба кирдорҳои ҷиноятӣ мезананд.

Дар асоси аризаҳои сокинони ноҳияи Вахш ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур, оиди бо роҳи фиреб гирифтани маблағҳои пулияшон, аз ҷониби Фатоев Пардахон, ки гӯё ба ин нафарон замин барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда медиҳад, гуруҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ташкил карда шуда, гумонбар дастгир карда шуд.
Фатоев Пардахон, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Вахш, ки пеш 5 маротиба бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо истифода аз боварӣ ва эътимоди мардум дар якчанд ҳолат даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ зада, маблағҳои пулии шаҳрвандонро азони худ кардааст.
Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ба маблағи 20 000 сомонӣ ба шаҳрвандон зарар расонидааст.
Айни замон нисбати Фатоев Пардахон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Вахш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Шаҳрвандони муҳтарам, нафароне, ки ба доми фиреби ин шахси ҷиноятпеша афтодаанд, метавонанд ба ШВКД дар маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *