Фотима Эшонова: Ба рӯйи Зуҳро кислота пошидан мехостам

Дарди дили зани майзада
Чаро Зуҳро миллионер шуду Фотима алкаш?

Фотима Эшонова аслан зода ва истиқоматкунандаи Мӯъминобод аст, вале бо сабаби хонавайронӣ ва азобҳои алими зиндагӣ маҷбур шудааст, ки шаҳри Душанбе ояд, то аз таънаву пичинги хешу табор раҳоӣ ёбад. Фотима ҳанӯз 31 сол дорад ва дар майхораву овораю дар ба дар шуданаш шавҳару фарзандони падарашро гунаҳкор медонад. Аслан, онҳо ду хоҳари экизак ҳастанд-Фотима ва Зуҳро. Маъмулан дугоникҳо бо ҳамдигар бисёр меҳрубон ва мисли як тану як ҷон ҳастанд, вале Фотима аз хоҳари экизакаш бо муҳаббат ёд намекунад. Зуҳро имрӯз зиндагии ободу осуда дорад ва ба қавле миллионер аст, вале тақдир ба Фотима на бахт доду на тахт. Вай алами бадбахтиашро аз шароб гирифта мегӯяд:

Худованд аз азал хоҳарамро зани хушбахт офариду маро бадбахт. Дугоник бошем ҳам, Зуҳро мисли парӣ хушрӯй ман безебак будам. Ошиқони хоҳарам аз мӯйи сараш ҳам бештар буданд, вале ба мани аз кӯдакӣ беморнамо ва рангзарду бадафт ягон ҷавон таваҷҷуҳ намекард. Ростӣ, чанд бор аз рашк ба рӯйи Зуҳро кислота пошидан хостам, вале боз меҳри хоҳарӣ ғолиб омада дар лаҳзаи охир аз фикрам мегаштам. Соли 1999 дар деҳа овоза шуд, ки соли 2000-ум дунё ба охир мерасад. Падарам ба таҳлука афтида ҳардуи моро аз мактаб гирифт, то ки духтари дӯстдоштааш Зуҳроро, ки хостгоронаш аз мӯйи сараш ҳам зиёд буданд, ба шавҳар дода, орзую ормон шиканад. Дере нагузашта як оилаи миллионер Зуҳроро келин карданд ва хоҳарам ҳамроҳи шавҳараш ба хориҷа кӯчида рафту мани мискин мондам…

Идомааш ДАР ЗЕР, БАРОИ ПАЙВАСТ ШУДАН БА ПАБЛИКЧАТИ «оИЛА» МУШКИЛИ МЕКАШЕД, РОҲИ ОСОНУ ҚУЛАЙ БА РАҚАМҲОИ 985-81-89-81 ПАЙВАСТ ШАВЕД, МО ШУМОРО ХОНАНДАИ ГУРУҲАМОН МЕГАРДОНЕМ!
viber://public?id=english-language
viber://public?id=english-language
Бо мо ҳам пайваст шавед, зеро мо бо шумо пойдорем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *