Кӯлоб

“Шантаж”-и марди 21 сола дар Кӯлоб

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза зани 20-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки аввалҳои моҳи августи соли 2018, марди 21-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо роҳи таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда нисбати ӯ, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 1-адад ангуштарини тиллоӣ талаб карда гирифтааст.

Баъдан, номбурда бо ин кирдори худ қаноат накарда, рӯзи 15-уми сентябри соли 2018 дар назди ошхонаи «Бадахшон”-и ш.Кӯлоб аз номбурда 800-сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Марди гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *