Фурқат аз раиси вилояти Маскав ҷоиза гирифт
Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, дастпарвари Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, мудири шуъбаи кардиологияи Маркази вилоятии бемориҳои дилу шарён дар бемористони марказии ноҳияи Егорйевои вилояти Маскав, номзади илмҳои тиб Ғафуров Фурқат Собирович барандаи ҷоизаи губернатори вилояти Маскав бо номи «Мы рядом» («Мо дар каноратон ҳастем») гардид. Маросими супурдани ин ҷоизаҳо ба таври онлайн зи 4 декабр доир шуд. Ин маросимро яке аз машҳуртарин муҷриёни Русия Иван Ургант гардонандагӣ мекард ва табибонеро, ки соҳиби ҷоиза шуданд, шахсан худи волии вилояти Маскав Андрей Воробйев истиқбол мекарду табрик мегуфт.
Фурқат Ғафуров дар ин маросим ҳамроҳи як зани 72-сола иштирок кард. Ин зан қисса кард, ки маҳз бо шарофати дасти сабуки Фурқат Ғафуров дубора ба по хестааст.
Дилшиноси ҷавон аз Тоҷикистонро ҳангоми супурдани ҷоиза ҳамчунин роҳбари илмиаш – кардиологи шуҳратёри Русия Лео Бокерия истиқбол кард ва аз Фурқат Ғафуров ба унвони як табиб ва олими кардиологи ояндадор тавсиф кард
Волии вилояти Маскав Андрей Воробйев хабар дод, ки 180 барандаи ҷоизаи «Мы рядом»-ро аз байни беш аз 10 ҳазор довталаб интихоб кардаанд.
Фурқат Ғафуров ягона намояндаи бемористони марказии Егорйевск буд, ки сазовори ин ҷоиза шуд. Дар ин бемористон ин табиби тоҷикро барои донишу малакааш ситоиш мекунанд.
Солҳои охир садҳо нафар аз табибони тоҷик тарки Тоҷикистон карда, ба кишварҳои дигар, асосан ба Русия кӯчиданд. Мақомоти Русия ба ин кишвар кӯчидани мутахассисони баландтахассус, бавижа табибонро ташвиқ мекунанд. Вале барои кишварҳое мисли Тоҷикистон тарки кишвар кардани ҳар чунин мутахассис талафоти сангин аст. Бахусус ба соҳаи тибби кишвар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ