Шартномаи оташбас дар Қарабоғ вайрон шуд

Озарбойҷон ба ду деҳаи минтақаи Гадрут дар Қарабоғ ҳамла кард ва қарордоди оташбасро вайрон кард. Даргириҳо дар наздикии рустоҳои Хтсаберд ва Таҳер ҷараён доранд. «Sputnik-Арманистон» дар ин бора бо такя ба артиши дифоъи Қарабоғи Кӯҳӣ хабар медиҳад. Ин ду деҳа дар минтақаи Ҳадрут дар ҳудуди анклави Арманистон боқӣ монда буданд. Аммо минатақаро Озарбойҷон назорат мекунад. Дар Ереван бошад, мегӯянд, ки озарбойҷониҳо кӯшиш кардаанд ба мавқеъҳои Артиши Қарабоғ ҳамла кунанд. Се нафар сарбозон маҷрӯҳ шудаанд. Қаблан Маскав, Ереван ва Боку созишномаи сеҷонибаи сулҳро имзо карда буданд. Дар Арманистон мегӯянд, ки минтақаи Ҳадрут ба қаламрави собиқ НКАО шомил аст, аамо озарбойҷон рад мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *