“Фурӯғи субҳи доноӣ..” бо шаффофият мегузарад

Имрӯз, 30-юми октябр, даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд.

“Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд”, — менависад манбаъ.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *