РОНАЛДОИ ТОҶИК ДАР ФУТБОЛИ РУСИЯ

Муҳаммад Юсуф Шӯхиев, навраси 9-солаи тоҷик, ба яке аз умедҳои клуби футболи “Динамо”-и Маскав табдил шудааст.

Вай якуним сол дошт, ки падару модараш ҷудо шуданд. Он замон кӯдаки аз кори ҷаҳон ноогоҳро сарнавишт аз ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ба Русия, назди падару бобояш, ки ҳарду дар шаҳри Обнински вилояти Калуга муҳоҷир ва ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд, овард. Аз ҳамон замон ӯ таҳти муроқибату тарбияти бибӣ ё модарбузургаш қарор гирифт.

9 сентябри соли 2021 Муҳаммад Юсуфро ба “Динамо”-и Маскав, яке аз бузургтарин тимҳои футболи Русия, оварданд. Вай бидуни қайду шарт қабул шуд.

Моҳи майи соли равон дар мусобиқоти футболи кӯдакони Русия (U-9, мутаваллиди 2014), ки ба ёдбуди Григорий Яртсев баргузор шуд, тими кӯдакони “Динамо” мақоми аввал ва Муҳаммад Юсуф Шӯхиев унвони “Беҳтарин бозигари мусобиқот”-ро ба даст оварданд.

Аз замоне, ки ӯ дар тими кӯдакони “Динамо” омад, тими ӯ 7 ҷом ба даст овардааст. Дар ҳоли ҳозир вай беҳтарин бозигари тими U-9 – и “Динамо” ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *