«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»: Шоҳҷоиза насиби Шаҳло Сайдалиева шуд (аудио)
Шоҳҷоизаи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» насиби Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимии рақами 8-и ноҳияи Данғара гардидааст. Ҳамчунин, 16 ҷойи намоён ва беш аз 30 ҷойи ифтихорӣ насиби иштирокчиёни вилояти Хатлон гаштааст.
Шаҳло Сайдалиева аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосир” миёни хонандагони синфҳои 5 то 11-и муассисаҳои таълимии мамлакат сазовори ҷойи аввал гардидааст. Ӯро дар ноҳияи Данғара бо тантана истиқбол намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва таҳлили вилояти Хатлон гуфтааст, ки аз вилояти мазкур 109 ғолиби даври вилоятӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд. Омодагии ҷиддӣ ва роҳхат гирифтани шахсони арзанда ба даври ҷумҳуриявӣ боис шудааст, ки 17 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол кунанд. Бухсус, як нафар соҳиби Шоҳҷоиза ва ду нафар ҷойи 1-ум, ҳафт нафар ҷойи 2-юм, ҳафт нафар ҷойи 3-юм ва беш аз 30 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардидаанд.
Бояд гуфт, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли чорум аст, ки дар мамлакат баргузор мешавад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ