Душанбе: RAV 4 ва ҷасади ронандаашро аз канал берун оварданд (аудио)

Як мошини тамғаи RAV 4, ки аз ҷониби сокини 62-солаи ҷамоати деҳоти Варзоби ноҳияи Варзоб идора мешудааст, бо сабабҳои номаълум ба канали дериватсионии Душанбе дар қаламрави маҳаллаи Нодираи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарозер гардидааст.

Дар ин бора рӯзи 18-уми декабри соли 2022 соати 13:06 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Бино ба иттилои КҲФ, дастаи имдодгарони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷойи ҳодиса расидаанд. Бо дарназардошти вазъияти баамаломада, бо қарори роҳбарияти Кумита як дастаи иловагӣ аз Маркази наҷоти Кумита бо як адад автокран низ ба ҷои воқеа сафарбар карда шудаанд.

— Соати 19:40 дақиқа автомашинаи мазкур бо ҷасади ронандааш аз қаъри канал бароварда шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хешовандонаш супорида шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *