Фурӯши нон бо шиноснома ба роҳ монда шудааст
Дар назди мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоии шаҳри ишқобод навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида шуда, дар минтақаҳо фурӯши нон бо нишон додани шиноснома ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумоти рассонаҳо дар шаҳри Ишқобод камбуди баъзе маҳсулоти ғизоӣ аз қабили шакар, орд, равған дида мешавад. Ва барои як одам харидории танҳо як кило шакар ва то 10 дона тухм иҷозат дода мешавад. Дар вилояти Дашоғуз бошад сокинон маҷбуранд барои харидории орд як моҳ навбатпоӣ кунанд.
Ба ин буҳрони иқтисодӣ ва бадшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ Туркманистон пас аз паст шудани арзиши газ дар бозори ҷаҳонӣ гирифтор шуд. Шумораи бекорони низ дар ин кишвар рӯз ба рӯз меафзояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ