Футбол: Ду бурд, ду бохт, ду мусовӣ

Дар рӯзи чоруми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия – 17-уми июн – се бозӣ баргузор шуд, ки бо пирӯзии тимҳои мунтахаби Сербияву Мексика, мусовии Бразилияву Швейтсария, бохти Коста-Рика ва Олмон ба поён расид.

Рӯзи якшанбе дар Ҷоми ҷаҳонии футбол–2018 дар Русия нахуст дастаи мунтахаби Сербия дар бозии аввали гурӯҳи Е, ки дар варзишгоҳи «Самара Арена»-и шаҳри Самара баргузор шуд, бар тими миллии Коста-Рика бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.Голи ягонаро дар ин бозӣ ҳимоятгар Александар Коларов дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум, ба ҳадаф расонд. Ӯ бо зарбаи ҷаримавӣ тӯбро моҳирона аз болои “девори сунъӣ” ба бурҷи “нӯҳгона” ворид кард.Қаҳрамони феълии ҷаҳон – тими миллии Олмон — дар бозии аввали гурӯҳи F, ки шаби 17-уми июн дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Маскав баргузор шуд, аз мунтахаби Мексика бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд.Дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 35-ум, ҳуҷуми ҷавобии мексикоиҳо бо гол анҷом ёфт. Нимҳимоятгар Ирвинг Лосано тӯби аз Чичарито қабулнамударо моҳирона ба кунҷи дарвоза зад. Дарвозабони мунтахаби Олмон Мануэл Нойер маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад.Бозии дигари даври аввали гурӯҳи Е миёни дастаҳои мунтахаби Бразилия ва Швейтсария, ки дар варзишгоҳи “Ростов Арена”-и шаҳри Ростови соҳили Дон барпо гардид, бо ҳисоби 1:1 ба поён расид.Нимҳимоятгари мунтахаби Бразилия Филиппе Коутиню дар нимаи аввали бозӣ, дар дақиқаи 20-ум, ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро нимҳимоятгари мунтахаби Швейтсария Стивен Субер бо зарбаи сар дар оғози нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 50-ум, зад.Ҳамин тариқ, мунтахаби Сербия бо се имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи Е мақоми аввалро касб намудааст. Тимҳои Бразилия ва Шейтсария бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Дастаи Коста — Рика бидуни имтиёз дар мақоми чорум аст.Дар даври дувуми гурӯҳи Е мунтахаби Коста – Рика 22-юми июн дар шаҳри Санкт — Петербург бо мунтахаби Бразилия ва дар ин рӯз дар шаҳри Калининград мунтахаби Сербия бо мунтахаби Швейтсария рақобат мекунанд. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали гурӯҳи F мунтахаби Мексика бо се имтиёз мақоми аввалро соҳиб шудааст. Бозии дигари даври аввал дар ин гурӯҳ имрӯз, 18-уми июн, миёни дастаҳои мунтахаби Шведсия ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Нижний Новгород барпо мегардад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *