Фурўғи Фаррухзод -Эрон
Аз дўст доштан
Имшаб аз осмони дидаи ту,
Рўи шеърам ситора меборад.
Дар сукути сапеди коғазҳо,
Панҷаҳоям ҷараққа мекорад.
Шеъри девонаи таболўдам,
Шармгин аз хаёли хомўшҳо.
Пайкарашро дубора месўзад,
Аташи ҷовидони оташҳо.
Оре, оғози дўст доштан аст,
Гарчӣ поёни роҳ нопайдост.
Ман ба поён дигар наяндешам,
Ки ҳамин дўст доштан зебост.
Аз сиёҳӣ чаро ҳаросидан?
Шаб пур аз қатраҳои алмос аст,
Он чи аз шаб ҷой мемонад,
Атри сукровари гули ёс аст.
Оҳ, бигзор гум шавам дар ту,
Кас наёбад дигар нишонаи ман.
Рўҳи сўзону оҳи мартубат,
Бивазад бар тани таронаи ман.
Оҳ, бигзор з-ин даричаи ноз,
Хуфта дар парниёни рўъёҳо.
Бо пари рўшанӣ сафар гирам,
Бигзарам аз ҳисори дунёҳо.
Донӣ аз зиндагӣ чи мехоҳам?
Ман ту бошам, ту, пой то сар, ту
Зиндагӣ гар ҳазорбора бувад,
Бори дигар ту, бори дигар ту.
Он чи дар ман нуҳуфта, дарёест,
Кай тавони нуҳуфтанам бошад.
Бо ту з-ин саҳмгини туфонӣ,
Кош ёрои гуфтанам бошад.
Бас, ки лабрезам аз ту, мехоҳам
Бидавам дар миёни саҳроҳо.
Сар бисоям ба санги кўҳистон,
Тан бипўшам ба мавҷи дарёҳо.
Бас, ки лабрезам аз ту, мехоҳам
Чун ғуборе зи худ фурў резам.
Зери пойи ту сар ниҳам ором,
Ба сабки соя бар ту овезам.
Оре, оғози дўст доштан аст,
Гарчӣ поёни роҳ нопайдост.
Ман ба поён дигар наяндешам,
Ки ҳамин дўст доштан зебост.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ