Аз маблағгузории «Равшан боз даст кашиданд?

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки  дар марҳилаи финали дарёфти Ҷоми ФФТ-2017, дар гурӯҳи «Б» бомуваффақият баромад карда, бо 5 хол (1 ғалаба ва 2 мусовӣ) ҷойи аввалро касб намуда буд, аз идомаи мусобиқаи мазкур даст кашид. Сабабашро дар  ФФТ ва  роҳбарияти  даста дар дасткӯтоҳӣ аз маблағ шарҳ доданд.

Ҳамакнун дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2017 «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол», ки бидуни рақобат ба финал баромад, рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоӣ «Истиқлол» бояд бо «Равшан» вомехӯрд, вале дастаи шаҳри Кӯлоб ба бозӣ ҳозир нашуд. Бар асоси дастури мусобиқа «Равшан» бо натиҷаи техникии 0:3 мағлуб ҳисобида шуд. Ба иллати аз мусобиқа хориҷ шудани «Равшан» дастаи «Кӯктош» дар Ҷоми ФФТ-2017 мақоми севум ва медалҳои биринҷиро азони худ кард.

Пеш аз ин, ҳангоми қуръакашӣ дар Лигаи олии Тоҷикистон маълум шуда буд, ки «Равшан» мавсими соли 2017 дар лигаи олии кишвар баромад карда наметавонад, Бинобар ин, ФФТ қарор кард, ки «Равшан» бо имконоти кунунии молиявиаш ба лигаи якуми ҷумҳурӣ   роҳ дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *