Духтаре имшаб худро ба дарё партофт

Шоми 23 феврал дар маҳаллаи маъруф ба 46-и шаҳри Душанбе як духтар худро аз болои пул ба дарё андохтааст. Субҳи 24 феврал  ҷасади ин духтар аз об берун оварда мешуд.

Маъмурони пулис ҷасадро бо мошин ба самти номаълум бурданд, ки зоҳиран барои ташхиси тиббӣ интиқол дода шуд. Наздикони ин духтари фавтида ва наҷотдиҳандагон нахостанд, ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ диҳанд. Кормандони пулис низ ба далели эҳтироми хости наздикони ин духтар, аз эъломи шахсияти ин нафар, худдорӣ карданд.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати  дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат гуфтааст,ки  пайдо кардани мушаххасоти ин ҳодиса вақт мехоҳад ва давоми рӯз ҷузъиёти онро дар ихтиёри расонаҳо қарор хоҳанд дод. Вале аз сӯҳбатҳои наздикони ин духтар рӯшан шуд, ки ҳодисаи худкушӣ тахминан соати 18-и шоми 23 феврал рух дода ва як ҷавони шоҳид тариқи телефон ба волидони духтар хабар додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *