Фазилати эълон гардидани соли ҷавонон

Яке аз омилҳои асосии эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон ин рисолати созандагию бунёдкорӣ доштани насли ҷавон аст. Ин нуктаро имрӯз, 24 феврал зимни як семинар  дар мавзӯи «Фазилатҳои Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» Қиёмидини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагон дар Парлумони кишвар иброз дошт.

Таъкид шуд, ки Аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 дастоварди арзишманд дар самти татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон аст, ки ояндаи сарзамин ба фаъолияти онҳо вобаста мебошад.

Бо дахли нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои мухталифи кишвар зикр шуд, ки аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, ҷавонон дар ташаккул ва рушди муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми босазо гузоштаанд. Дар ин росто ҷавонон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо неруи пешбарандаи ҷомеа эътироф гардидаанд.

Иштирокдорони семинар зикр намуданд, ки ҷавонон дар рушди бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа сарвати асосӣ ва афзалиятнок ба шумор мераванд. Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 55% аҳолии қобили меҳнат ва 80% шаҳрвандон ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар семинар вакилон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҷавонон дар пешбурди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ибрози назар карданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *