Фурўғи Фаррухзод – Эрон

Офтоб мешавад «Нигоҳ»

Нигоҳ кун, ки ғами дарун дидаам,

Чигуна қатра- қатра об мешавад.

Чигуна сояи  сиёҳи саркашам,

Асири дасти офтоб мешавад.

Нигоҳ кун,

Тамоми ҳастиям хароб мешавад.

Шарорае маро ба ком мекашад,

Маро ба авҷ мебарад,

Маро ба дом мекашад.

Нигоҳ кун,

Тамоми осмони ман,

Пур аз шаҳоб мешавад.

Ту омадӣ зи дурҳову давраҳо,

Зи сарзамини атру нурҳо.

Нишондаӣ кунун маро ба заврақе,

Зи оҷҳо, зи абрҳо, булӯрҳо.

Маро бибар умеди дилнавози ман,

Бибар ба шаҳри шеърҳову шӯрҳо.

Ба роҳи пурситора мекашониям,

Фаротар аз ситора менишониям.

Нигоҳ кун,

Ман аз ситора сӯхтам,

Лаболаб аз саторагон таб шудам.

Чу моҳёни сурхранги соддадил,

Ситорачини биркаҳои шаб шудам.

Чӣ дур буд пеш аз ин замини мо.

Ба ин кабуди ғурфаҳои осмон,

Кунун ба гӯши ман дубора мерасад.

Садои ту,

Садои боли барфии фариштагон,

Нигоҳ кун, ки ман куҷо расидаам,

Ба каҳкашон, ба бекарон, ба ҷовидон.

Кунун, ки омадем то ба авҷҳо,

Маро  бишур бо шароби мавҷҳо.

Маро бипеч дар ҳарири бӯсаат,

Маро бихоҳ дар шабони дерпо.

Маро дигар раҳо макун,

Маро аз ин ситораҳо ҷудо макун.

Нигоҳ кун, ки муми шаб ба роҳи мо,

Чигуна қатра-қатра об мешавад.

Суроҳии сиёҳи дидагони ман,

Ба лои-лои гарми ту.

Лаболаб аз шароби хоб мешавад,

Ба рӯйи гоҳвораҳои шеъри ман.

Нигоҳ кун,

Ту медамию офтоб мешавад.

***

Шаб ва ҳавас

Дар интизори хобаму сад афсӯс,

Хобам ба чашми боз намеояд.

Андӯҳгину ғамзда мегўям,

Шояд зи рӯйи ноз намеояд.

Чун соя гашта хобу намеафтад,

Дар домҳои равшани чашмонам.

Мехонад он нуҳуфтаи номаълум,

Дар зарбаҳои набзи парешонам.

Мағруқи ин ҷавонии маъсум,

Мағруқи лаҳзаҳои фаромӯшӣ.

Мағруқи ин саломи навозишбор.

Дар бӯсаву нигоҳу ҳамоғўшӣ,

Мехоҳамаш дар ин шаби танҳоӣ.

Бо дидагони гумшуда дар дидор,

Бо дард, дарди сокити зебоӣ.

Саршор аз тамомии худ, саршор,

Мехоҳамаш, ки бифшорадам бар хеш.

Бар хеш бифшарад мани шайдоро.

Бар ҳастиям бипечад, печад сахт,

Он бозувони гарму тавоноро.

Дар лобалои гардану мўҳоям,

Гардиш кунад насими нафасҳояш.

Нўшад, бинўшудам, ки бипайвандам,

Бо рӯди талхи хеш ба дарёяш.

Ваҳшию доғу пуръаташу ларзон,

Чун шӯълаҳои саркаши бозигар.

Даргирам, ба ҳамҳма даргирад,

Хокистарам бимонад дар бистар.

Дар осмони равшани чашмонаш,

Бинам ситораҳои таманноро.

Дар бӯсаҳои пур шарараш ҷўем,

Лаззоти оташини ҳавасҳоро.

Мехоҳамаш дареғо, мехоҳам,

Мехоҳамаш ба тира, ба танҳоӣ.

Мехонамаш ба гиря, ба биноӣ,

Мехонамаш ба сабр, шикебоӣ.

Лабташна медавад нигаҳам ҳар дам,

Дар ҳуфраҳои шаб, шаби бепоён.

Ӯ, он паранда шояд мегиряд,

Бар боми як ситораи саргардон.

***

Асир  

Туро мехоҳам ва донам, ки ҳаргиз,

Ба коми дил дар оғӯшат нагирам.

Туйи он осмони софу равшан,

Ман ин кунҷи қафас, мурғе асирам.

Зи пушти милаҳои сарду тира,

Нигоҳи ҳасратам ҳайрон ба рӯят.

Дар ин фикрам, ки дасте пеш ояд,

Ва ман ногаҳ кушоям пар ба сўят.

Дар ин фикрам, ки дар як лаҳза ғафлат,

Аз ин зиндони хомаш пар бигирам.

Ба чашми марди зиндонбон бихандам,

Канорат зиндагӣ аз сар бигирам.

Дар ин фикрам ману донам, ки ҳаргиз,

Маро ёрои рафтан зин қафас нест.

Агар ҳам марди зиндонбон бихоҳад,

Дигар аз баҳри парвозм нафас нест,

Зи пушти милаҳо, ҳар субҳи равшан.

Нигоҳи кӯдаке хандад ба рўям,

Чу ман сар мекунам овози шодӣ.

Лабаш бо бӯса меояд ба сўям,

Агар, эй осмон хоҳам, ки як рӯз,

Аз ин зиндони хомўш пар бигирам.

Ба чашми кӯдаки гирён чӣ гӯям,

Зи ман бигзар, ки ман мурғе асирам.

Ман он шамъам, ки бо сӯзи дили хеш,

Фурӯзон мекунам вайронаеро,

Агар хоҳам, ки хомӯшӣ гузинам,

Парешон мекунам кошонаеро.

فروغ فرخزاد — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *