Ду задухӯрд бо қочоқбарони афғон ва ду ҷасад

Марзбонони тоҷик мегӯянд, рӯзи 3 июл дар марз бо Афғонистон ду дафъа бо қочоқбарони маводи мухаддир вориди задухӯрдҳои мусаллаҳона шудаанд. Аз маҳалли даргирии дуюм 2 ҷасади қочоқчиён ёфт шудааст.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 3 июл дар як задухӯрд дар минтақаи сарҳадии Ҳамадонӣ ду қочоқчӣ кушта шудаанд. Ба сурати умум, марзбонони тоҷик рӯзи 3 июл дар марз бо Афғонистон ду маротиба бо қочоқбарони маводи мухаддир вориди задухӯрди мусаллаҳона шудаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, шаби 3 июл, соати 23:30 як гурӯҳи қочоқчиён аз самти Афғонистон дар минтақаи тобеи отряди сарҳадии Ҳамадонӣ талоши вуруд ба қаламрави Тоҷикистонро кардаанд, вале ба оташи сарҳадбонҳои тоҷик рӯбарӯ шуданд: «Дар натиҷаи амалиёт байни нарядӣ сарҳадӣ ва як гурӯҳи қочоқбарони номаълуми афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад, ки дар натиҷаи он шахсони номаълуми қочоқбарон ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон баргаштанд. Ҳангоми аз назаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади қочоқчиёни 30-35 солаи шахсияташон номаълум ва маводҳои мухаддири навъи чарс – 4 кг, афюн — 1 кг, як адад телефони мобилӣ ва як адад корди шикорӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.”

Ин алакай дувумин задухӯрди мусаллаҳон бо қочоқбарон дар марз бо Афғонистон дар таърихи 3 июл буд. Ҳамон рӯз як гурӯҳи дигари силоҳбадаст дар минтақаи дидбонгоҳи тобеи отряди сарҳадии Панҷ талоши убури марзи Тоҷикистонро кардаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев мегӯяд: «Ҳангоми гузаронидани амалиёт, қочоқчиёни мусаллаҳи номаълуми афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба тарафи хизматчиёни ҳарбӣ оташ кушоданд, ки байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад. Қочоқчиёни афғон ба чусту чолоки ва муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, дар ба тарафи ҶИА фирор намуданд.”

Аз маҳалли ин задухӯрд баъди фирори қочоқчиён тахминан 16 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳои қутраш 7,62 ёфт шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *