Боздошти капитани порахӯр

Капитан Муллорӯзӣ Шарипов, як нозири минтақавӣ дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд бо гумони порагирӣ дастгир шудааст. Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, капитан Шарипов аз як гумонбар барои накушодани парванда 14 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки ба зидди капитан Муллорӯзӣ Ғозибекович Шарипов, ки дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба ҳайси нозири минтақавӣ кор мекард, бар асоси қисми якуми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино ба ин манбаъ, капитан Шарипов аз шаҳрванд «А” дар иваз боз накардани парвандаи ҷиноятӣ 14 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

Капитан Шарипов аз ҷониби маъмурони Агентии мубориза бо коррупсия «зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 14.000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.”

Тафтиши пешакии парвандаи ин корманди милиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *