“Чоргонаи “CASA-1000”, меҳмони Душанбе

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон? фардо, 5-уми июн Навоз Шариф, нахуствазири Покистон бо як дидори расмӣ вориди Душанбе хоҳад шуд. Дар назар аст, Навоз Шариф зимни дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар канори густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар, масоили амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Сартоҷ Азиз, мушовири нахуствазири Покистон рӯзи 1-уми июл ба Радиои Покистон гуфтааст, дар ҳамоиши Душанбе бо ширкати мақомоти баландпояи Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҳамоҳангсозии машваратҳои Покистону Афғонистон дар заминаи механизми сулҳу субот дар минтақа матраҳ мешавад.

Ба гуфтаи вай, пас аз мулоқоти Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ва Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Остона дар моҳи гузашта, равобит миёни ин ду кишвар беҳбуд ёфтааст. Сартоҷ Азиз гуфтааст, интизор меравад, рӯзи 6 июл дар шаҳри Душанбе нишасти сарони кишварҳои Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон анҷом шавад.

Дар поёни ин нишаст Эъломияи муштарак таҳти унвони “Роҳ ба самти шарикии стратегӣ барои ҳамраъйии минтақавӣ” имзо хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Тоҷикистон мизбони ҳамоиши мақомоти баладпояи кишварҳои “Чоргонаи “CASA-1000”, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон хоҳад шуд. Тибқи хабари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 6 июл ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Сооронбой Жэнбеков, нахуствазири Қирғизистон ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Дар ин нишаст мавзӯъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Узбакистон ба Афғонистону Покистон низ матраҳ хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *