Ҷияни Гулмурод Ҳалимов боздошт шуд

Мақомоти Тоҷикистон Ҳалимов Ф.-ро дар ташвиқи ҷавонони тоҷик, аз ҷумла писари Гулмурод Ҳалимов ба ҷангҳои Сурия муттаҳам мекунанд.

Матбуоти Русия аз боздошти бародарзодаи эҳтимолии сарҳанги фирорӣ ва як узви баландпояи ДИИШ рӯзи 12 майи соли равон хабар дод. Ба навиштаи матбуоти Русия, нафари боздоштшуда дар ҷалби сокинон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам мешавад ва алайҳи ӯ аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мақомот мегӯянд, боздоштшуда қасд доштааст, ки тариқи Туркия ба Сурия биравад. Аз ин ҷавон бо исми Ҳалимов Ф. ёд мешавад, феълан синну сол ва ҷузъиёти дигар мушаххас нест.

Як манбаъ аз мақомоти интизомии ноҳияи Варзоб  гуфтааст, бародарзодаи Гулмурод Ҳалимов як ҳафта пеш аз Ҷумҳурии Адигеяи Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд. Адигея як воҳиди маъмурие дар қаламрави Русия аст, ки дар миёни сокинонаш инчунин мусалмонҳо зиёд ҳастанд.

Ин манбаъ аз нафари боздоштшуда Ҳалимов Ф. ном бурд ва гуфт ӯ писари яке аз шаш бародари Гулмурод аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *