Футболбози тоҷикро Русия харид

Далер Кузяев, ниммуҳофизатгари тоҷиктабори дастаи “Зенит”-и Санкт–Петербург ба ҳайати мунтахаби Русия пазируфта шуд. Дар ин бора торнамои “championat.com” хабар додаст.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳайати мунтахаби Русия пазируфтани Далер Кузяев мантиқист, зеро дар ҳайати “Зенит” дар шаш бозии ин мавсим 3 гол зада, як партофти головар анҷом додааст. Станислав Черчесов, сармурабии яккачини Русия дар баробари Кузяев аз “Зенит” дарвозабон Андрей Луневро низ даъват кардааст.

“Championat.com” мегӯяд, Далер метавонист дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунад, зеро падараш Адам Кузяв дар Душанбе ба воя расидааст, аммо ӯ интизори даъват ба тими мунтахаби Русия нишаст. Далер Кузяев, нимҳимоятгари 24-солаи “Зенит” қаблан дар як мусоҳибааш далели ба мунтахаби футболи Тоҷикистон нарафтанашро шарҳ дода, гуфта буд, мехоҳад дар яккачини Русия бозӣ кунад. Ман имкони бозӣ кардан дар тими миллии Тоҷикистонро, ки зодгоҳи волидонам ҳаст, доштам. Ба ин масъала падарам машғул буд. Аз таваҷҷуҳашон мамнунам, аммо мехоҳам дар ҳайати мунтахаби футболи Русия, кишваре, ки ба дунё омадаам, бозӣ кунам”,-афзудааст ӯ.

Далер Кузяев моҳи июн ба “Зенит”-и Петербург гузашт. Ӯ дар гузашта дар “Терек” ҳам бозӣ кардааст. Дар ин мусоҳибаи худ мегӯяд, Рашид Раҳимов, сармураббии пешини “Терек” барои рушди ӯ ҳамчун футболбоз нақши бузург дорад. Падари Далер дастаи “Нарва-Транс”-и Эстонияро тамрин медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *