Фёдор Емеляненко амрикоиро бо нокаут зад

Дар набарди асосии мусобиқаи  Bellator 198 размандаи рус  Фёдор Емеляненко амрикоӣ Фрэнк Мирро дар муддати 48 сония нокаут карда, ғалаба ба даст овард.

Рақобат дар Роузмонти ИМА сурат гирифта, дар сонияи 48-уми раунди аввал бо пирӯзии Фёдор анҷом пазируфт. Қабл аз ин Фёдор чанд зарба хӯрда, аз по афтод, аммо зуд хеста, рақибашро нокаут кард.
Ин ғалаба Фёдорро ба нимфинали Шоҳ-ҷоизаи вазнинтанҳо баровард. Дар ин мусобиқа ӯ бо  Чел Соннен набард хоҳад кард.

Умуман, Ф.  Емеляненко ғалабаи 37-умашро муяссар гардид, ки аз ин 12-тоаш бо нокаут мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *