Футболқимоб дар Фархор

Футбол варзиши рақами як дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, мухлисони сершумор дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо низ мухлисони ин навъи варзиш кам нестанд. Футболи тоҷик таърихи ибратомӯзеро дар худ касб мекунад ва тӯли беш аз 80 соли мавҷудияти хеш марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронидааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ низ футбол  дар Тоҷикистон сол ба сол рушду нумӯъ ёфта истодааст.

Хушбахтона, аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, якҷоя бо соҳибкорони маҳаллӣ варзишгаронро зери ғамхории худ қарор медиҳанд.

Аммо дар ноҳияи Фархор вазъият тамоман дигар аст. Шурӯъ аз соли 2017 дастаи овозадори «Ҳосилот» мувоҷеҳи мушкилот гашта, пурра пароканда шуд. Роҳбарияти даста ва мухлисон борҳо ба Сулаймон Вализода — раиси ноҳия шифоҳӣ муроҷиат намуданд, ки ба қадри имкон ба даста кумак расонад, то он мақоми худро дар Лигаи олии футболи мамлакат ҳифз намояд. Аммо раис ба ҳамаи  ин эътибор намедиҳад, гӯё аз футбол қимоб бошад.

Ёдовар бояд шуд, ки муддати ду соле, ки даста ба буҳрони молиявӣ дучор буд, танҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шахсоне, ки каме имконияти хуби молиявӣ доштанд, дастгирӣ меёфт.

«Ҳосилот» мебоист, ки  имсол дар Лигаи якуми футбол фаъолияташро идома медод. Вале боз ҳам ин маротиб роҳбарияти ноҳия аз кумак худдорӣ намуда, дастаро чун як ташкилоти ҷамъиятӣ хонда, иброз доштаанд, ки даста бояд тамоми хароҷоташро худ рӯпӯш намояд.    Наход дар Фархор барои дастгирии як ташкилоти ҷамъиятии варзишӣ имкон набошад?

Ба мо маълум аст, ки  аксар раисони шаҳру ноҳияҳо дастаҳои футболи маҳаллиро қисман дастгирӣ намуда, соҳибкорони саховатпешаро барои дастгирӣ намудан ҳидоят месозанд. Чун намунаи ибрат барои шахсони воломақоми ноҳияи Фархор ва баъзе аз соҳибкорони бонуфузи ин нохия метавон раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темурро мисол овард, ки бо ибтикори хеш дастаи футболи «Шоҳин»-и ноҳияро таъсис дода, рақобатҳои худро аз Лигаи дуюми футбол дар вилояти Хатлон оғоз кард. Соли гузашта ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дар баробари ин метавон аз дастгириҳои Баҳром Иноятзода — раиси шаҳри Истаравшан ҳарф зад. Дастаи «Истаравшан»  баъди чанд соли танаффус рақобатҳои худро аз Лигаи дуюми футбол дар вилояти Суғд оғоз намуда, имсол бозиҳои худро дар Лигаи якуми  футболи мамлакат идома медиҳад. Ба ҳамин монанд метавон аз ибтикороти раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ва раиси ноҳияи Восеъ Мӯсозода Ғафур Зариф ҳарф зад, ки бо вуҷуди ҳама ташвишҳои роҳбарӣ ба рушди варзиш ва футбол аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Аммо дар муддати ду соле, ки «Ҳосилот» мувоҷеҳи мушкилот буд, боре ҳам аз ҷониби роҳбарияти ноҳия кумак надидаву ҳатто пурсон нашуданд, ки чӣ ҳол дорӣ «Ҳосилот»?!

Бояд зикр намуд, ки Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор солҳои 2012-2013 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари корӣ ба ноҳия онро мавриди истифода қарор доданд, ки ин худ нишонаи дастгирию ғамхориҳои Сардори давлат мебошанд. Аммо имрӯз дару дарвозаҳои варзишгоҳ ба рӯйи дастаи «Ҳосилот» ва кулли варзишгарон баста шуда, ҳатто мураббиёни Мактаби маҳорати варзиши ноҳия имкон надоранд, ки дарсҳои амалии таълимгирандагонро дар ин ҷо гузаронанд. Имрӯзҳо дарсҳои амалии худро дар ҷое мегузаронанд, ки  ба талаботи варзиш ҷавобгӯй нест.

Дастаи «Ҳосилот» яке аз сермухлистарин дастаҳои футболи тоҷик ба шумор мерафт ва ҳангоми бозиҳо варзишгоҳ аз тамошобин пур мегашт. Дар ҳар як мусобиқа маъмурияти даста аз фурӯши чиптаҳо даромади хуб гирифта, вазъи молиявии хешро беҳтар месохт. Барои хароҷоти бозиҳои оянда ва сафари ба шаҳру навоҳӣ маблағи ҷамъ мекард. Аммо чашми роҳбарони ноҳия аз даромадҳои ҳалоли «Ҳосилот» сих зада, муддате чанде варзишгоҳро, ки як замон барои даста ройгон буд, пулакӣ карда буданд

Ҳамагон бовар доштанд, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳияи Фархор бо сарварии Сулаймон Вализода шояд, имсол рӯ сӯи «Ҳосилот» мегардонаду бо ташаббусу ибтикороти хеш ва бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дастаи овозадору таърихии хешро, ки беш аз 40 сол умр дорад, соҳибӣ мекунад.

Акбар  Абдусамадов,

мухлис

                        

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *