Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад. Ба сифати маҳсулот кӣ ҷавобгар аст?

Вақтҳои охир сифати маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, ки дар бозорҳои кишвар ба фурӯш бароварда шудаанд, нигаронкунанда аст.

Истеҳсолкунандаҳо на ба сифати маҳсулот, балки ба шаклу намуди зоҳирии он диққат дода, дар фикри саломатии харидор нестанд.

Мушоҳида мекунам, ки дар бозорҳо ҳасибҳоро ба аробачаҳо тақсим карда, дар ҳавои гарм, хилофи қоидаи нигаҳдории маҳсулоти гӯштӣ ба фурӯш гузоштаанд, ки ин бар зарари харидори бечора аст.

Ба ғайр аз ин, чанд намуд ҳасибро метавон номбар кард, ки нархи 1 кг гӯштро дорад, вале сифаташ бад аст, аз дохилаш устухончаҳо бараъло ба дандон мезанад. Ҷанбаи маззаи маҳсулотро гирем, умуман ба маблағи пешниҳод гардидаашон мутобиқат надоранд.

Инчунин, аксарияти маҳсулоти ширӣ низ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нестанд. Аз сабаби зиёд андохтани доруҳои нигаҳдории маҳсулоти ширӣ ё сабаби дигар, ки танҳо истеҳсолкунандаҳо медонанд, маҳсулоти ширӣ 2 рӯз муҳлати истеҳсолашон нагузашта, аллакай маззаи туршӣ карда, сифати маҳсулотро коста мегардонад.

Аз истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ дар вилояти Суғд хоҳиш доштам, ки рақобатпазир бошед! Сифати маҳсулотро хуб кунед! Ба мардум маҳсулоти арзанда пешниҳод намоед!

Мамлакат БАРОТАЛИЕВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *