Гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар ITB Berlin — 2023
Дар шаҳри Берлини Олмон ITB Berlin – 2023 ифтитоҳ ёфт, ки дар он гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон низ ҷой дода шудааст.
Як ҳайат аз Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ин гӯшаи сайёҳӣ дидан намудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни боздид аз гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон бо иштироки Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури Федеративии Олмон, намояндагони мақоми ваколатдори танзимкунандаи соҳаи сайёҳӣ ва масъулини ширкатҳои сайёҳии мамлакат мулоқот сурат гирифт.
Инчунин, ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «JAZ Hotel group», «Gasbar Travel», «Exclusive Holidays», “Explore Algeria” вохӯрда, масъалаи ҳамкории минбаъдаро баррасӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ