Гӯштингири тоҷик дар мусобиқаи Алмаато соҳиби медали биринҷӣ гардид

Гӯштингири тоҷик Асламҷон Азизов дар мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз гардид, дар вазни 55 кг-и равияи юнонӣ-римӣ медали биринҷӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар, Асламҷон қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон Пуё Дод Марз шикаст хӯрдааст. Ӯ сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ пирӯз гардидааст.

Дар рӯзи аввал, ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кг гӯштин гирифта, дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб намуда, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов шикаст хӯрда, ҷои панҷумро гирифтааст.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *