Толеъномаи 5-уми июни соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Тақдир чун ҳамешагӣ бароятон санҷишу имтиҳонро пеш меорад. Ҳолати ноороми руҳӣ сабабгори муноқиша дар хонаатон мегардад. Дар масъалаҳои молиявӣ фаъолнокӣ нишон надиҳед, вагарна имкониятҳои худро дуруст баҳо дода наметавонеду беҳуда заҳмат мекашед. Бо вуҷуди кӯшиши зиёд карданатон тамоми монеаву душвориҳоро паси сар карда наметавонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз маблағи хуби пулиро интизор нашавед. Дар атрофатон тағйирот рух дода, шиносҳои наватон дасти кумак дароз мекунанд. Бегоҳирӯзиро дар танҳоӣ гузаронед. Кори ҷисмонӣ ё машғулиятҳои варзишӣ руҳатонро болида мегардонанд. Хобҳоятон амалӣ мегарданд.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Барои саломатӣ рӯзи номусоид аст. Хусусан мардҳо бояд аз асабоният ва кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоянд. Ба камбудиҳои ночиз диққат надиҳед, бо мурури вақт ҳамааш мегузарад. Муносибатҳои ошиқонаатон бо гармиву самимияташ хотиратонро болида мегардонанд. Шиносони дерин ба суроғатон меоянд.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз бо шахсе, ки дӯсташ медоред, муноқиша накунед, дар ҳама ҳолат худро ба даст гиред. Беҳтараш рӯзро дар танҳоӣ ва оромӣ гузаронида, асабатонро ором созед. Саломатиятон дар ин рӯз ташвиш намедиҳад. Баъди нисфирӯзӣ хабаре мешунавед, ки нақшаҳоятонро тағйир медиҳад.

Асад (23 июл-23 август)

Санҷишу имтиҳонҳои нав пеши роҳатон меоянд. Дар масъалаҳои молиявӣ фаъолнокӣ нишон надиҳед, вагарна имкониятҳои худро дуруст баҳо дода наметавонед. Дар ҳама кор боэҳтиёту бодиққат бошед, вазъият тавре сурат мегирад, ки шумо интизор нестед. Эҳтимоли аз даст додани маблағ ё мушкилӣ бо дӯстонатон дар назар аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Дар хона нооромӣ ҳукмфармо мегардад. Вазъи парешони руҳӣ боиси асабоният ва роҳ додан ба рафтори нодуруст  мегардад. Хотиратон парешон гашта, хобҳои нохуш ё дарди сар азият медиҳад. Дар масъалаҳои молиявӣ фаъолнокӣ нишон надиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо нафароне, ки дӯсташон медоред, самимиву ростқавл бошед. Ҳама гуна фиребу найранг ба зудӣ фош мегардад. Корҳоеро, ки қувваву фикри зиёдро талаб мекунанд, ба нақша нагиред. Бо вуҷуди кӯшиши зиёд ба харҷ додан тамоми монеаҳоро паси сар карда наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира гашта, дарди сар пайдо мешавад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи номусоид аст. Ба ғалатҳои дағал ва камбудӣ роҳ медиҳед. Нақшаҳои калон накашед, беҳтараш бо мушкилоти хона машғул шавед. Нафароне, ки дар ин рӯз шинос мешавед, дар ҳаёти шумо нақши худро мегузоранд. Бо шахси дӯстдоштаатон бо ҳар сабаби ночиз муноқиша карданатон имкон дорад. Кӯшиш намоед, ки касеро наранҷонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Нофаҳмиҳои начандон калон имкон доранд. Ба он диққати зиёд надиҳед. Имрӯзро бо лаҳзаҳои хотирмон рангин созед. Мардҳо бояд ба ҳолати саломатии худ бодиққат бошанд. Рӯзи хубест барои рафъ намудани мушкилиҳои ҳалталабе, ки байни шумову шахси дӯстдоштаатон пайдо шудаанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Вақти тағйиротҳои мусбат аст. Бо нафароне шинос мешавед, ки баъдан ба ҳаётатон таъсири худро мегузоранд. Вақти бештари худро дар ҳавои тоза ва бо шахси дӯстдоштаи худ гузаронед. Тағйироти ногаҳонӣ дар зиндагиятон бо сабаби бадхоҳии душманон рух медиҳад. Ба атрофиёни худ хубтар диққат диҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз аз корҳои ҷиддӣ худдорӣ намоед. Мушкилиҳои ҳаррӯзаро рафъ карданатон лозим меояд, вале мустақилона бо амалӣ сохтани нақшаҳои нав машғул нашавед. Хунукназарӣ ва бепарвоии шумо ба дили дӯстдоштаатон сахт мерасад. Барои беҳтар гаштани вазъи саломатӣ бештар истироҳат намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзҳои наздик бароятон бобарор меоянд. Агар дӯстдошта дошта бошед, барояш вақту меҳрубонии бештар ҷудо намоед. Сайругашти якҷоя, сафар ва қавли вафодорӣ муносибатҳоятонро зичтар мегардонад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ хеле бодиққат бошед. Нисбати атрофиён хунукназарӣ ва шубҳаву гумонро ба дил роҳ надиҳед.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.