Гӯши ношунаво -и “Обу корези Душанбе” маҳалларо “чашмасор” кард
…Чашмае,ки дар акс мебинед, дар сари роҳи калон, дар маҳаллаи “7-ум километр” чанд моҳ боз ҷӯш мезанад. Поёнтар аз он, дар кӯчаи ба номи академик Акбар Махсумов бошад, аз тобистон соли гузашта ин тараф дарёчаи обаш софу зулол аз қубури калонқутр рӯ зада, ҷорист. Манзараи мазкурро дида,чашмасорони ноҳияи Ховалингу Ҳафткӯл ба ёди кас мерасад. Ҳамаи ин фаровонию серобӣ натиҷаи бемасъулии КВД “Обу корези Душанбе”- аст, ки чашми мардуми шаҳрнишинро бо ин манзараҳои дилнишин “об медиҳад” ва хаёлашонро ба кӯҳистони обшори мо мебарад. Барои ин бояд ба онҳо ташаккур гӯем. Вале…
-Маро барои он ки як соат аз оби водопровод истифода бурда, ду гилемамро шустам, 600 сомонӣ ҷарима карданд,- гуфт як сокини ҳамин маҳалла. –Ана, бинед, чанд моҳ боз ин қадар об беҳуда ба обпарто рафта истодааст, аммо касе парвои инро надорад…
Воқеан, дар ин муддат агар дар як шабонарӯз аз қубури қутраш бист бо ҷараёни тез (бояд гуфт,ки об дар ин маҳалла ҷараёни хеле тез дорад) об беҳуда ҷорӣ шавад, мувофиқи ҳисобҳои тахминии мо маблағи он аз 60-70 ҳазор сомонӣ ҳам бештар мешавад. Чаро масъулони “Обу корез” инро намебинанд? Шумо гумон мекунед,ки эшонро бояд хабардор кард ва ин корро бояд сокинони ба маблағи давлату мардум дилсӯз иҷро карданашон лозим? Гумонатон дуруст аст. Аммо масъулон на танҳо нишондодҳои шуморо намебинанд, балки агар рафта ба гӯшашон гӯӣ, ки дар фалон ҷой об беҳуда ҷорӣ шуда истодааст, худро ба карӣ мезананд, вале аз паси дари мардум мепоянд,ки кӣ обро бе ҳисобкунак истифода мебарад. Бовар намекунед?
Пас биёед, таърихи ин “чашмаҳои мусаффо”-ро аз аввал варақ занем.Ҳанӯз тобистон аз идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба сохтори “Обу корез” занг зада, аз садамаи оби нӯшокӣ хабар дода будем. Ваъда карданд, ки ба зудӣ онро бартараф мекунанд. Аммо аз байн як моҳ гузашту об равон буду равон… Баъд аз ин дубора хоҳиш кардем, ки пули халқу буҷаи шаҳрро аз нестшавӣ наҷот диҳанд. Аммо аз санг садо буду аз ин идора не. Баъдан, барои нигоҳ доштани обрӯи “Обу корез” аз нашри иттилоъ дар ин бора худдорӣ намуда, хабарнигори ҳафтаномаро ба қабули раиси муҳтарами ин сохтори дастнорас равон кардем. Аммо котибааш бо баҳонаи “раис маҷлис дорад, қабул намекунад, ба диспетчер муроҷиат намоед”, хабарнигорро ба иштибоҳ андохт. Диспетчери корхона аризаи моро гӯё қабул карду ваъда дод, ки худи пагоҳ бригадаи таъмирчиён ба ин минтақа равон мешаванд ва садамаро бартараф месозанд. Диспетчер баъдтар ҳатто ба идора занг зада, аз бартараф намудани садамаи об хабар ҳам дод. Аммо баъди боздиди маҳали садама маълум кардем, ки КВД “Обу корези Душанбе” боз дурӯғ гуфтааст ва об мисли пештара равон асту равон… Хостем, ки тариқи савол сабаби бартараф нашудани садамаи обро дар кӯчаи Акбар Махсумов аз Корхонаи мазкур Қаландаров муайян кунем. Ӯ ваъдаи қатъӣ дод, ки таъмигаронро фардо сафарбар менамояд. Рӯзи дигар ба Ҷомӣ ном намояндаи “Обу корези Душанбе” дар ноҳияи Шоҳмансур телефонӣ маҳалли садамаро боз пурсон шудем. Вале ин ҳам натиҷа надод. Ниҳоят, дар шумораи 48 ҳафтаномаи “Тоҷикистон”ба номи раиси КВД “ Обу корези Душанбе”муҳтарам Мирзомурод Убайдов доир ба садамаи номбурда саволе ба чоп расид. Аммо боз ҳам хомӯшӣ…
Баъд аз чунин муносибат нисбати иҷрои вазифаҳои хизматии худ ба кормандон ва роҳбарони ин идора чӣ гуфтан мумкин? Ё ба моликияти ҷамъиятӣ, ки бо пули буҷаи шаҳр ва аз кисаи мардум истеҳсол шудаасту дар натиҷаи саҳлангорӣ беҳуда нест мешавад, дилашон намесӯзад? Ё магар аҳолии пойтахтро 100 фоиз бо об таъмин намудаанд, ки фориғболӣ зоҳир менамоянд?
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ