Путин дар ҳавои сард ғусли таъмид кард

 

Тавре, ки  сухангуи Путин Дмитрий Песков ба журналистон гуфт, шаби гузашта Владимир Путин-президенти Русия  дар вилояти Ленинград, ба дайри (монастир)-и   мардонаи Нило-Столобенская рафта, дар маросими ғусли анъанавии масеҳиён  ширкат намуд ва дар кӯли Селигер оббозӣ кард. Ин анъанаи масеҳиён ҳамасола 18 ва 19 январ ба муносибати солгарди ғусли таъмиди Исои Масеҳ дар сар то сари Русия баргузор мегардад. Пайравони  мазҳаби православии дини христианӣ новобаста ба  сардии оби зимистон ширкат дар ин маъракаро савоби калон мешуморанд.Вақте, ки Владимир Путин ғусл мекардааст, ҳаво ҳамагӣ 7-8 дараҷа хунук будааст,ки ин ба назари ғуслкунандагон чандон сард нест.

Дар мавриди  Президенти Русия ва ширкати  вай дар ин маърака  ҳаминро илова кардан зарур аст, ки ӯ мувофиқи овозаҳо   пас аз талоқ додани занаш Людмила бо гимнасти машҳури ин кишвар Алина Кабаева  издивоҷ намудааст ва гӯё бо талаби Алина,ки худ муслмондухтар аст, ба дини ислом гаравидааст. Аммо тавре,ки мебинем, дар вақти ғусл дар гардани Путин  салиб-нишони  дунёи христианӣ ҳамоил аст ва ин гуфтаҳо беасосанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *