G5 дар Душанбе: тиҷорат ва роҳҳои расидан ба муваффақият

11 ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону  Россия Форуми G5 таҳти унвони “Бизнес –амалия  аз таҷрибаи соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон, Душанбе -2017” (Бизнес практикум от таджикских предпринимателей Душанбе 2017) баргузор гардид.

Форуми мазкурро Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ифтитоҳ бахшид. Номбурда баргузории чунин форумро  иқдоми наҷиб дар Соли ҷавонон  ва майдони васеи муколама миёни соҳибкорон ва омӯзиши таҷрибаи якдигар номид.

Махсуд Пулатов-соҳибкор, тренер оид ба тиҷорат, Абдулло Қурбонов-ҳаммуассиси Ташкилоти амонатӣ ва  кредитии хурд  “Алиф Сармоя”, Зебуннисо Солиева-директори генералии меҳмонхонаи “Армон”, Замира Самадова-директори генералии “Имкон консалтинг” ва Дилшод Ҷӯраев-муассиси ширкати “55 Group» ва инчунин директори “Клуби соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон” ба иштирокчиён  доир ба оғози фаъолияти тиҷоратии худ, роҳҳои расидан ба муваффақият ва пушти сар намудани ҳар гуна хавфҳо ҳангоми фаъолият маълумот доданд.

Форуми G5 дар Душанбе бори дуюм аст, ки баргузор мешавад ва ин навбат беш аз  500 нафар шунавандаро ба ҳам гирд овард.  Инчунин, иштирокчиён тавонистанд, ки  бо тренерон саволу ҷавоб намоянд ва  доир ба амалӣ намудани нақшаҳои тиҷоратӣ машварат пурсанд.    Баъди ҷамъбасти форум, ки аз нимаи дуюми рӯз оғоз гардида, то шом идома ёфт, ба тренерон  ҷоизаи рамзии Форуми G5 тақдим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *