Ишқи ноком ва худкушии сарбоз

Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, хабари ба як нафари дигар издивоҷ кардани духтари дӯстдоштааш сабаби худкушии сарбоз Тоҳир Ҳабибов шудааст. Ин зодаи ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, рӯзи 26 октябр худро дар як қисми низомӣ дар шаҳри Кӯлоб аз автомати Калашников парронд.

Хабаргузории «Азия Плюс”аз қавли манбааш дар вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки сабаби худкушии сарбоз Тоҳир Ҳабибов ишқи ноком будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Тоҳир Ҳабибов, ки тирамоҳи соли гузашта аз ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ба хидмат даъват шуда, дар қисми низомии вазорати дифоъ дар шаҳри Кӯлоб хидмат мекард, бо ҳамхидматонаш муносибати хуб дошт ва фармондеҳонаш низ нисбат ба хидмати ӯ эроде надоштанд.

Аммо, меафзояд ин манбаъ,»тавассути телефон ба вай хабар додаанд, ки духтари дӯстдоштааш дар Ишкошим ба нафари дигаре шавҳар мекунад ва сарбоз баъди шунидани ин хабар чунин қарори барояш сарнавиштсӯз гирифтааст.”

Дар вазорати дифоъ ба «Азия Плюс” гуфтаанд, ки фарзияи ишқи ноком дар тафтиши парвандаи худкушии сарбоз Тоҳир Ҳабибов дар ҳоли ҳозир фарзияи асосӣ ба шумор меравад. Тафтиши ин парванда аз ҷониби додситонии кулли низомӣ идома дорад.

Тоҳир Ҳабибов, зодаи деҳаи Рини ноҳияи Ишкошим, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, рӯзи 26 октябр дар қисми низомии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб худро аз автомати Калашников парронд. Дар пайи ин худкушӣ бо фармони вазири дифоъ генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо як комиссияи махсус таъсис ёфт, ки бояд сабаби худкушии Тоҳир Ҳабибовро маълум кунад.

Дар пайи худкушии Тоҳир Ҳабибов хешовандони ӯ гуфта буданд, ки Тоҳир аз шароити хидматаш дар Кӯлоб шикояте надошт.

Ин нахустин мавриди даст ба ҷони худ задани сарбозон дар қисмҳои низомии нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нест. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон, ахиран гуфта буд, ки дар се соли охир дар қисмҳои низомӣ дастикам 11 сарбози тоҷик худкушӣ кардаанд.

Аз ҷумла рӯзи 24 сентябр сарбози 22-солаи қисми низомии 051058-и Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун даст ба ҷони худ зад.

Рӯзи 17 июл Зиёдулло Сангинов, зодаи деҳаи Пошкенти Истаравшан худро дар таҳхонаи филиали Донишкадаи низомии вазорати дифои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба дор овехт. Ҳафтае баъди ин фоҷиа падари ин сарбоз низ худро ба дор кашида, худкушӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *