Гадоӣ — манбаи даромад

Кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз боздошти оилае хабар медиҳанд, ки бо вуҷуди ниёзманд набудан ба талбандагӣ машғул буданд.

Ин оила, ки дар назди маркази тиҷоратии “Амид” гадоӣ мекарданд, ду хонаи шахсӣ ва се мошини сабукрав, ҳамчунин шароити хуби молӣ доштаанд.

Дар ин бора «Ахбори ВКД» хабар медиҳад.

Тутихон Раҳимоваи 40-сола ҳамроҳи кӯдаконаш ба хиёбон барои гадоӣ мебаромаданд. Онҳоро сарвари оила Муродҷон Ғафуров бо мошини шахсиаш оварда мебурдааст.

Зимни тафтишот муайян гардид, ки ин хонавода 3 мошини сабукрав, аз ҷумла як электромобил доранд ва ду мошинашонро ба иҷора медодаанд. 

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки фарзандони ин оила ба дарсҳо нарафта, ба модарашон дар “талбандагӣ” кумак мекардаанд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *