Гадо ва доро
Субҳ саросемавор ҷониби донишгоҳ мешитофтам, ки чашмам ба зане афтод, қуттии партовро як- як аз назар мегузаронид. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ин манзараро аз дур каме назорат кардам. Нони қоқ, бозичаҳои шикаста ва бутилкаҳое, ки он зан аз партовгоҳ гирифт, диққати маро дучанд ҷалб кард.
Мушоҳидаҳои як таҷрибаомӯз
Субҳ саросемавор ҷониби донишгоҳ мешитофтам, ки чашмам ба зане афтод, қуттии партовро як- як аз назар мегузаронид. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ин манзараро аз дур каме назорат кардам. Нони қоқ, бозичаҳои шикаста ва бутилкаҳое, ки он зан аз партовгоҳ гирифт, диққати маро дучанд ҷалб кард. Ба донишгоҳ дер мемондам, вале ин барои ҳамсуҳбат шудан бо ин зан баҳонае беш набуд.
Зан аз партовгоҳ дур шуду ман ба наздаш омадам.
-Холаҷон, бубахшед чӣ меҷустед?
Шояд зан мунтазири саволи ман буд. Ногаҳон об дар чашмонаш ҳалқа зад, исёне буд, ки гиря гулӯгираш мекард.
-Дигар чора надорам духтарам, баъд аз андаке ба сухан даромад зан. Худро Соро муаррифӣ намуд. Се сол боз шавҳарам дар Русия бедарак, на ягон маротиба маблағ фиристоду на занг зад. Маҷбур худам рӯзамро мегузаронам. Хешу наздиконам имкони кумак кардан надоранд. Писарам имсол мактабхон шуд, маҷбур аз ҳамсояҳо қарз гирифта, либос харидам. Ин бутилкаҳои дар дастамбударо мефурӯшаму ба ивазаш хӯрдание барои худаму писарам мехарам.
Мисли холаи Соро садҳо занони дар нимароҳи зиндагӣ танҳо мондаро мебинем. Онҳоро низ аз надоштани шароити хуби зист ба кофтани қутти партов маҷбур кардааст.
Баъди шоҳиди ҳодиса шудан ба фикр фурӯ рафтам, наход дар ҷомеаи мо одамони саховатпешае набошанд, ки ба чунин камбизоатоне мисли холаи Соро дасти кумак дароз кунанд.
Якеро мебинӣ, ки дар бозор аробакашӣ мекунаду дигаре бошад, аз ночорӣ талбандагиро ихтиёр кардааст. Занону духтаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки аз сабаби надоштани шароити хуби иқтисодӣ ба чӣ корҳои даст намезананд. Дар кӯчаҳои шаҳр ба мошиншӯию, талбандагӣ даст задани ноболиғон ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Талбандагоне низ ба чашм мехӯранд, ки аз гуруснагӣ маҷоли гап задану роҳ рафтан надоранд. Ин бечораҳо аз роҳгузарон кумак металабанд, то маблағе ба даст оранд. Онҳо нодору бечораанд, имкони шояд моҳҳо ғизои гарм ва солҳо либоси гармро намебинанд. Гузарамон ба тарабхонаву ошхонаҳое меафтад. Ба кӣ мансуб буданашро намедонем. Ҳазорҳо одамони пулдор хӯрок, либосҳои фарсудаашонро ба партовгоҳҳо мепартоянд.
Пешниҳоде дорам: шояд дар назди тарабхонаҳои бонуфузе, ки дар кӯчаҳои шаҳр зиёданд, қуттиҳои махсусе барои хӯрокҳои пасмонда гузоранд, то нодору бечорае, ки имкони харидани хӯрокро надорад, аз он истифода барад. Шояд бо ҳамин васила сарватмандон, соҳибони ошхонаю тарабхонаҳо даст ба кори савоб зананд?!
Уғулой Қутбиддинзода
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ