Дилшод Назаров муваққатан аз ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд

Дилшод Назаров – гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро ба истифодаи допинг гумонбар шуда ва аз иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар маҳрум гардидааст.

The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳаманд.

Ба навиштаи созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ «дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард.»

Дилшод Назаров мегӯяд, тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо нисбат ба ӯ рафъ шавад ва барои ин кор як вакили машҳури аврупоиро ҳам ҷалб кардааст.

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *