Гайморит дарди мавсимист ё гузаранда?

Бо сард шудани ҳаво аз дарди пешонӣ ва сар азоб мекашам. Як маротиба аз муоина гузаштаму бемориамро гайморит гуфтанд. Аз доруҳои муосир истифода намудам, натиҷаи дилхоҳ надод.

Бо сард шудани ҳаво аз дарди пешонӣ ва сар азоб мекашам. Як маротиба аз муоина гузаштаму бемориамро гайморит гуфтанд. Аз доруҳои муосир истифода намудам, натиҷаи дилхоҳ надод. Ҷарроҳиро тавсия доданд, вале мехоҳам пеш аз ҷарроҳӣ аз тибби халқӣ истифода кунам.  Чӣ маслиҳат медиҳаед?

Хуршедҷон,  н. Рашт

Дар тиббӣ халқӣ тамоми бемориҳо муолиҷа карда мешавад. Аз ҷумла, гайморит ҳам ба воситаи гиёҳҳову растаниҳо муолиҷа карда мешавад. Дар ин маврид чанд маслиҳати кӯтоҳро аз тибби халқӣ, ки дар китобҳо оварда шудааст, ба шумо доданӣ ҳастем. 

Муолиҷа аз праполис

Ду далилчу тайёр карда, онро дар настойкаи  праполис тар карда, баъд дар равғани офтобпараст низ  тар кунеду ба ду шикофи бинӣ гузоред. Ним соат истоданаш зарур аст ва  ин табобатро рӯзе 3-4 маротиба такрор кардан ҳатмист.  

Шабона дар болои бинӣ равғани дарахти эвкалипт шакидан айни муддаост.  Ҳамчунин, асалро молидан муфид аст. Агар шахс аз он аксуламал надошта бошад. Ин табобати халқӣ  зардобаи бисёреро вақти саҳар аз бинӣ берун мебарорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *