Ганҷалзода ғами муҳоҷиронро мехурад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки Душанбе аз манъи парвози ҳавопаймоҳои «Уралские авиалинии» (Ural Airlines) ба хотири муҳоҷирони тоҷик гузаштааст ва ҳоло роҳи мусолиматомези «моҷарои ҳавоӣ«-ро ҷустуҷӯ дорад.
Шералӣ Ганҷалзода гуфтааст, ки манъи парвози «Уралские авиалинии» метавонист, бо вокуниши ҷиддии Русия рӯ ба рӯ шуда, муҳоҷиронро дар вазъияти ногувор қарор диҳад.
»Агар ин корро мекардем, бар зарари ҳамватанони мо тамом мешуд. Бо дарназардошти онки ҳазорҳо муҳоҷир дар остонаи Соли Нав мехоҳанд, ба ватан баргарданд, Вазорати нақлиёт ба таври якҷониба аз ин амали ҷавобӣ худдорӣ кард», — афзуд ӯ. Шералӣ Ганҷалзода гуфт, масъалаи бастани роҳи ҳавопаймоҳои Русия ба Душанбеву Хуҷанд «ба ҷое намегурезад» ва ҳоло онҳо роҳи аз ин беҳтари ҳалли масъаларо ҷустуҷӯ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ