Ҷинси навзод аз мард вобаста аст на аз зан!

Дар Қирғизистон аксари хонаводаҳо ба таваллуди писар бартарӣ медиҳанд. Аминат Байтикова, сартабиби зоишгоҳи рақами аввали Бишкек, мегӯяд, асосан мардҳо мехоҳанд, ки соҳиби писар бошанд ва занон низ ба хотири нороҳат накардани ҳамсарони худ гоҳо нафақат саломатӣ, балки ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Вай мегӯяд, на ҳамаи занон аз онки дар батнашон духтар ҳаст, хурсанд мешаванд. «Онҳо мегӯянд, ба шавҳар ва хешу таборам чӣ мегӯям? Дарҳол нороҳат мешаванд», — нақл кард ӯ. Аминат Байтикова афзуд, чунин ҳолатҳое ҳам кам нест, ки занон дар моҳҳои охири бордорӣ ба далели онки тифли батнашон духтар аст, мехоҳанд, исқоти ҳамл кунанд: «Ҳатто баъзе мардон аз поён ба ҳамсарашон дод мезананд, ки агар духтар шуд, метавонӣ ба хона барнагардӣ.»

Аминат Байтикова аз фаҳмондани онки ҷинси навзод аз мард вобаста аст на аз зан, хаста шудааст. Вале, бо ин вуҷуд, занони зиёде назди ӯ меоянд ва машварат мепурсанд, ки аз чӣ роҳ мешавад соҳиби писар шуд? «Агар онҳо медонистанд, писар ва ё духтар будани ҷанин ба мард вобаста аст, ба шавҳароне, ки аз хона бо ин сабаб онҳоро меронанд, посухи муносиб медоданд», — афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *