“Ганҷи ороста” ба кӣ нафорид?

Рӯзноманигорону коршиносон мегӯянд, ки обунаи “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” дар Тоҷикистон рақобати солими байни нашрияҳо ва ҳавасмандии рӯзноманигоронро барои таҳияи матолиби ҷолибу хонданӣ ва ҷалби муштарӣ аз байн мебарад.

Раънои Зоирдухт, сардабири моҳномаи «Ганҷи ороста» — моҳномаи бахши Бунёди забони тоҷикӣ дар Истаравшан мегӯяд, то имсол бо ёрии мақомот ҳудуди 1,5 -2 ҳазор нафарро обуна мекарданд. Вале соли гузашта, аз он, ки чандин матолиби интиқодӣ чоп карданд, мақомот онҳоро “чап” гирифт ва натиҷа танҳо 280 нафарро обуна кард. Арзиши обунаи яксолаи ин нашрия 30 сомонӣ аст. Зоирдухт гуфтааст: “Мо дар бархе мақолаҳоямон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозирони роҳ, беҳдошт ва масъулони номгузориро интиқод кардем. Барои ҳамин бо баҳонае, ки гӯё барои таъмини обунаи нашрияи мо супориш нагирифтаанд, мисли ҳарсола барои нашрияи мо обуна накарданд.”Моҳномаи “Ганчи ороста” дар ҳоли ҳозир ягона нашрияи Бунёди забони тоҷикӣ аст, ки дар Истаравшан ба думболи қабули нахустин Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 1990 ба нашр мерасад. Ба қавли хонум Зоирдухт, дар шумораи охири соли 2016 матлаби интиқодие ба чоп расонида ва номи чанд кӯчаи Истаравшанро тағйир додаву ба номи падарони худ гардонидани мақомотро ба боди интиқод кашиданд. Баъд аз ин, муносибати онҳо комилан ба сардӣ гароид ва обунаи нашрияро ба ҳоли ҳуд гузоштанд.Раъно Зоирдухт дар посух ба ин суол, ки чаро худи кормандони нашрия ва Бунёди забони давлатӣ бо талоши худ мардумро ба нашрия обуна намекунанд, гуфт, ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта назди обунашвандагони аслии худ ба мактабҳову омӯзишгоҳҳо, ҷамоатҳо ва бемористонҳо рафта, бо додани номаҳо онҳоро ба обунаи нашрияи “Ганҷи ороста” тарғиб карда буд.

“Ҳоло, ки аз корхонаву муассисаҳо ва ҷамоатҳо мепурсем, ки чаро обуна нашудед, мегӯянд, ки маблағи обунаро ҷамъ оварда, яклухт ба бахши молияи ҳукумат додаанд, молия ба масъулони обуна додааст ва онҳо ба салоҳдиди худ ба нашрияҳои писанди мақомот обуна кардаанд”,- гуфт Раънои Зоирдухт. Дар Тоҷикистон обуна ба нашрияҳои чопиро умдатан ҳукуматҳоӣ маҳаллӣ ба роҳ мемонанд. Дар рӯйхати нашрияҳо, ки ба идораву муассисаҳои давлатӣ барои обунаи ҳатмӣ пешниҳод мегардад, аввал нашрияҳои давлатӣ ва баъди онҳо рӯзномаву маҷаллаҳои хусусӣ ва наздик ба ҳукумат ҷо мегиранд. Теъдоди обунашавандагон ба онҳоро низ мақомот аз рӯи муносибати худ ба нашрияҳо таъин мекунанд.​Нигора Ҳайдарзода, муовини раиси ҳукумати шаҳри Истаравшан мегӯяд, соли равон на танҳо “Ганҷи ороста”, балки нашрияҳои дигари Истаравшан низ теъдоди муштариёни худро аз даст додаанд. Ӯ афзуд: “Ман ба муаллима (манзур Раънои Зоирдухт) фаҳмонидам, ки аз моҳи оянда ба бештар кардани шумораи обуначиёни нашрия кӯшиш мекунем. Вале ба бархе нашрияҳои чопии хусусӣ гуфтем, ки худашон ҳам барои бештар кардани муштариву обуначиёни худ талош кунанд. Маводҳои ҷолиб чоп кунанд, худи мардум ба суроғи онҳо мераванд. Шарт нест, ки мо маҷбурӣ обуна кунем.”

Биноба иттилои намояндагии муассисаи давлатии “Почтаи Тоҷикистон” дар шаҳри Истаравшан, барои соли 2017 8500 ҳазор нафар ба нашрияҳои ноҳиявӣ, беш аз 3300 нафар ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва 1755 нафар ба нашрияҳои чопии вилоятӣ обуна шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *