Аз бисёргуфторӣ чӣ суд? Ҷиноятро пешгирӣ бояд кард

Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 62-и пойтахт  тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ барпо гардид.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Шоира Саидалиева гуфт, ки мавзӯъҳое, ки имрӯз дар ҳамоиш матраҳ мегарданд, аз ҷумла, пешгирии хушунат дар оила, ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, пӯшидани либосҳои миллӣ, даст кашидан аз фарҳанги бегона мавзӯъҳои доғи рӯз ба шумор мераванд.

Дар вохӯрӣ ёдоварӣ шуд, ки соли гузашта оид ба  ҳуқуқвайронкуниии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе  121 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2015 85 ҳолат камтар аст. Ба аксарияти ҷиноятҳои содирнамудаи ноболиғон мутобиқи талаботи моддаи 244-и КҶ Тоҷикистон, яъне тасарруфи амволи ғайр, парвандаҳои ҷиноӣ кушода, гунаҳкорон ҷазои сазовор гирифтаанд. 69 нафари онҳо аз шаҳри Душанбе мебошанд.   14 ҷинояти авбошӣ сар задааст, ки онҳо муноқишаҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 91, 32, 86, 92 мебошанд.

Вобаста ба ҳуқуқвайронкуниҳо соли гузашта садҳо волидон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби судҳо ҷазоҳои маъмурӣ гирифтаанд.

Раиси маҳаллаи Шафақ Одинаев пешниҳод намуд, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле мусоидат мекунад. Ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳоро ба қайд гирифтан кори осон аст. Муҳимтар пешгирӣ кардани онҳо мебошад, ки аз масъулин бештару ҳадафрастар ба роҳ мондани маърифати  ҳуқуқии шаҳрвандонро тақозо менамояд. Падарону модарон бошанд, масъулияти таълиму тарбияи фарзандонро бояд жарфтар ҳис намоянд ва рафтору кирдори наслашонро таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *