Гар шиновар нестӣ… Наҷоти як сокини Данғара аз канали Душанбе

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз наҷоти як нафар аз ғарқшавӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, 24-уми июли соли 2022 соати 18:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми навбатдорӣ дар соҳилҳои канали дериватсионӣ дар қаламрави ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шоҳиди ғарқ шудани як мард шудаанд. Сармутахассиси мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолии Раёсат Ҷунайдулло Ализода худро ба оби пурхурӯши канал ҳаво дода, ба ёрии он мард шитофтааст. Вақте ба мард расидааст, ӯ дигар маҷоли ҳаракат надошта ва зери об ғарқ мешудааст. Бо тамоми қувва ғарқшавандаро ба соҳил кашида, ҳамроҳ бо ҳамкорон ба вай нафаси сунъӣ дода ва ёрии аввалияи тиббӣ расонидаанд.

Маълум шудааст, ки ӯ 51 сол дошта, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон будааст. Онҳо чор нафар дар ҷойи барои шиноварӣ мамнуъ оббозӣ кардаанд. Сабаби асосии ғарқ шудан надонистан ва ё риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ва шиноварӣ дар макони мамнуъ будааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки агар шиноварӣ наметавонанд, беҳтараш вориди об нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *