Таъиноти кадрӣ. Ректори нави Донишгоҳи давлатии Хоруғ кист?

Комилбек Амид Ёрбек, ки имрӯз, 25 июл ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таъин гардид,  зодаи ноҳия Рӯшон буда, 36 сол доштааст. Ӯ номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент мебошад.

Номбурда  то ин муддат дар вазифаи ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Номбурда хатмкардаи  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев бо  ихтисоси “Муаррих-ҷомеашинос” аст. Фаъолияти кориро  аз соли 2010 ба сифати асисстенти кафедраи таърихи умумии Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев сар карда, баъдан ба Душанбе омадааст.  Фаъмолияти минбаъдаи Амид Комилбек дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) идома меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *