Гардиди тиҷорат байни Тоҷикистону Русия зиёд шуд
Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия дар соли 2023 ба беш аз 1,7 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 2,5 фоиз зиёд аст.
Хабаргузории «ТАСС» иттилоъ медиҳад, ки аз моҳи январ то декабри соли 2023 Тоҷикистон аз Русия ба маблағи 1 миллиарду 580 милллион доллар маҳсулот ворид кардааст. Ҳамзамон, дар ин муддат Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 134,7 миллион доллар мол содирот намудааст.
Гуфта мешавад, ки тиҷорат бо Русия ба 20,6 дарсад аз ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон баробар шудааст, ки дар қиёс бо дигар кишварҳо баландтарин нишондод мебошад. Дар соли 2022 гардиши мол миёни ду кишвар беш аз 1,6 милллиард доларро ташкил додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ