Аз ТоҷикТА то “Тоҷикистон”. Ёде аз журналисти варзида Исрофил Султонов

Исрофил Султонов. Ин ном барои ман аз овони кудакӣ ошност ва манбаи ифтихор низ буд. Зеро барои ман Исрофил Султонов нахустин журналисте буданд, ки ба эшон такя мекардам ва бо нигоҳ ба рафтору гуфтори эшон дар қалби худ орзуи журналист шуданро мепарваридам.

Бо хонаводаи акои Исрофил дар деҳа ҳамсоя будем. Падарашон бобои Султонбек саводи хуби куръонӣ доштанд. Бародарашон Юсуфбек директори мактаби миёнаи №50-и деҳаҳои Мадовра ва Яккахона буданд. Бародари дигарашон Султонов Умарбек номзади илми фалсафа, дар Донишкадаи омузгории Душанбе дарс медоданд.

Агарчи мо дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекардем, аммо Исрофил Султоновро соле ҳамагӣ як маротиба дар фасли тобистон медидему халос. Бародарашон Умарбек ҳам фақат тобистон рухсатии меҳнатӣ гирифта ба деҳа меомаданд. Хуб дар ёд дорам, ки қариб ҳар рӯз бегоҳиҳо, баъди кор падарам ба дидани устод мерафтанд ва маро низ бо худ мебурданд. Устод Исрофил Султонов дар ҳузури падарам ба ман саволҳо медоданд, шеър мепурсиданду ман бо овози баланд мехондам. Боре пурсиданд:

-Дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?

Бе дудилагӣ гуфтам:

-Мисли шумо журналист мешавам!

Рӯзе чанд шеър ва ҳикоячаҳои навиштаамро ба устод нишон дода, гуфтам:

-Мехоҳам навиштаҳои маро бинед ва баҳо диҳед.

Он кас дафтарро варақгардон намуда, чанд навиштаро таҳрир карда, ба ман маслиҳатҳо ҳам доданд ва як ҳикоячаи маро бо худ гирифта, ба Душанбе оварданд ва дар маҷаллаи кӯдаконаи “Машъал” чоп карданд. Он вақт ман дар синфи 8 мехондам ва ин бароям як ифтихори бузург буд. Солҳои баъдӣ низ фурсат пайдо карда аз маслиҳату машварати эшон бархӯрдор мешудам.

Соли 1986 ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ қабул шудам. То омадан ба Душанбе намедонистам, ки Исрофил Султонов дар куҷо кор мекунанд. Журналист буданашонро медонистаму халос. Бадан фаҳмидам, ки устод дар АИ “ТоҷикТА” (феълан Ховар) кор мекардаанд.

Агар умр вафо мекард, устод имсол синни 76-солагӣ мерасиданд. Султонов Исрофил 23 январи соли 1948 дар деҳаи Мадовраи ҷамоати Деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаро то синфи 8 дар он ҷо хонданд. Пас аз он мактаб-интернати деҳаи Кулолиро хатм карда, соли 1964 донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шефченко шудаанд.

Соли 1969 Донишкадаро хатм карда, фаъолиятро дар “Агентии иттилоотии Тоҷикистон “ТоҷикТА” ба сифати тарҷумон дар шӯъбаи тоҷикӣ оғоз кардаанд. Аз хотироти худашон бармеояд, ки он солҳо муҳити эҷодӣ дар ин муассиса хеле пурқуват буд, эшон дар қатори Насриддинов, Почоҷонов, Нудел, Немировский, Исҳоқов ва Исҳоқбоев барин журналистони кордон ва соҳибтаҷриба кор карда зина ба зина ҳамчун рӯзноманигор рушду камол ёфтаанд.

Дере нагузашта матолиби  дар ин идора омода намудаи Султоновро тавассутии телетайп ҳамаи рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятиву ноҳиявӣ чоп мекарданд ва тавассути радио дар тамоми кишвар пахш мекарданд.

Султонов Исрофил 35 сол дар АИ “ТоҷикТА” (АМИТ Ховар) кор карданд. Дар суҳбатҳо мегуфтанд, ки “фаъолияти мо асосан дар бахши тарҷума ва таҳрир ҷараён мегирифт. Мо нутқи маърӯзаҳои роҳбарони воломақоми ҳамонвақтаи давлати Шуравӣ ва ҲКИШ-ро таҳрир карда, фавран ба идораҳои рӯзномаҳои ҳизбӣ равон мекардем. Аз он ки хонанда ҳар пагоҳ маводҳои моро дастрас карда, мутолиа менамуд, сарбаланд мешудем”.

Баъди иваз намудани номи “ТоҷикТА” ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” Султонов Исрофил аз охири соли 1995 мудири шӯъбаи тоҷикӣ, соли 1997 муовини сармуҳаррир ва аз моҳи марти соли 2002 ба сифати сармуҳаррир кор кардаанд. Аз охири соли 2002 то охири умр дар ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Дунё” фаъолият намуданд. Хизматҳояшон бо якчанд мукофоти давлативу ва ҳукуматӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст.

Султонов Исрофил 9-уми феврали соли 2013 дар синни 67 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот карданд. Ёдашон ба хайр!

Холиқназар Ҷумъазода, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *