Гардиши тангаҳои намунаи нав дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тангаҳои намунаи соли 2023 бо арзиши 20, 50 дирам ва 1, 3, 5 сомониро ба муомилот баровард.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, қарори дахлдори Раёсати БМТ дар ин бора ҳафтаи гузашта қабул шудааст. Тибқи қарори мазкур муқаррар карда шудааст, ки ин тангаҳо дар қатори тангаҳои гардишии БМТ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
— БМТ барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад,- меафзояд манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки пули миллии Тоҷикистон — сомонӣ 30-юми октябри соли 2000-ум ба ҷойи рубли тоҷикӣ, ки аз моҳи майи соли 1995 амал мекард, ба муомилот бароварда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ