Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Антонио Гутерриш дар ИМА

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, инчунин рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии Созмон мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳо бо Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва онро яке аз шарикони калидии худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба мушкилоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ташаннуҷи геополитикӣ, даргириҳои мусаллаҳона, хатарҳои терроризму экстремизм, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ, тағйирёбии иқлим табодули андеша кардаанд.

Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 саъю талош дорад ва дар ин самт Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 қабул карда, чандин барномаҳои дигари давлатиро мавриди иҷро қарор додааст.

Дар рафти мулоқот ба Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирии пайваста аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон изҳори сипос карда шудааст.

— Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “нерӯи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо аз мавзуҳои асосии мулоқот буданд. Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шуруъ кардаанд. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад. Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *