Гармиҳо рекорди сабаби ғарқшавии зиёд мегардад
Тавре,ки ВКД хабар медиҳад, рӯзи 22-юми июли соли 2018, тахминан соати 15:00, ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ховалинг, хонандаи синфи 6-уми МТМУ, ҳангоми дар лаби дарёи деҳаи Калтачинори ноҳияи Балҷувон оббозӣ карданаш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 23-юми июли соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҷавонписари 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак ҳангоми оббозӣ намудан дар дарёи Вахш, воқеъ дар деҳаи Сари-гузари шаҳри мазкур аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Аз тамоми шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки зимни оббозӣ дар рӯду дарёҳо ва ҳавзу обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. Тобистони имсола бо гармиҳои бесобиқаи худ мардумро ҳар чи бештар ниёзманди оббозӣ кард, ки ин сабаби зиёд шудани ҳодисаҳрои ғарқшавӣ дар кулу дарёҳои ҷумҳурӣ гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ