Гармии ҳаво 43 дараҷа боқӣ мемонад

Имрӯз  дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боридани борон дар назар аст. Дар вилояти Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, ҳарорат рӯзона 43 дараҷа боқӣ мемонад. Ин гуна вазъи обу ҳаво дар кишвар то 14 июл идома хоҳад ёфт. Дар ин бора имрӯз  сардори шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Фаридун Ахмедов хабар дод.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво камабри беғубор шуда, дар водиҳо шабона +21+26 ва рӯзона +38+43 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ҷойҳо боридани борон дар назар аст. Шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +38 + 43 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона 18+23 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе софу беғубор шуда, шабона 19+21 ва рӯзона +39+41 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *