Туркия дигар сарвазир надорад

9 июли соли равон президенти нави Туркия, Раҷаб Тайииб Эрдуғон, савганд ёд кард.  Бо тағийр додани сохтори сиёсии Туркия мақоми нахуствазир аз байн рафт ва вазифаи он ба души президент вогузор карда шуд. Бо ин тартиб Эрдуғон салоҳияти бештарро касб намуд, ки президентҳои пешин аз он бархурдор набуданд.

Ҳукумати Туркия мақоми нахуствазирро  24-уми моҳи июни соли ҷорӣ аз байн бурд ва  Раҷаб Таййиб Эрдуғон аввали президенти Туркия интихоб шуд.

Президенти нави Туркия рӯзи душанбе дар парлумони ин кишвар савганд ёд намуд ва сипас дар Кохи раёсати ҷумҳур дар Анқара, дар миёни меҳмонони хориҷи суханронӣ намуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон беш аз 15 сол аст, ки қудратро дар Туркия дар даст дорад. Ӯ ба муддати 15 сол нахуствазири Туркия буд ва дар соли 2014 ба унвони раиси ҷумҳури ин кишвар интихоб шуд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи гузаштаи президентӣ ин кишвар бо ба даст овардани раъйи беш аз 50 дарсади интихобкунандагон, раиси ҷумҳури он кишвар интихоб шуд. Дар референдуми баҳори соли гузашта бештари раъйдиҳандагон ба тағйирот дар Қонуни асосии Туркия раъйи мусбат доданд, ки бар асоси он, президент қудрати иҷроие, ки қаблан дар дасти нахуствазир будро, дар ихтиёри худ гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *